Рӯйдодҳо
Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми ноябри соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони нонпазӣ, воқеъ дар маҳаллаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб шуда, аз онҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби...
26 ноябр 2025, Чоршанбе
Рӯзи 24 ноябр дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ ва конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гардид. Ҳайати шахсӣ бо ифтихор аз ин санаи таърихӣ, ки барои ҳар як тоҷикистонӣ шарафу ифтихори миллӣ мебошад “Рӯзи Парчами...
25 ноябр 2025, Сешанбе
23-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ Ласети”, Турсунов Алишер Файзуллоевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Навободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатов Юсуфxон...
25 ноябр 2025, Сешанбе
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани кредит ва сохтакории ҳуҷҷатҳо дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2024 бо мақсади гирифтани маблағи пулӣ аз Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон...
25 ноябр 2025, Сешанбе
Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ даромада, аз он ҷо 9-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 10-адад батарейкаи...
25 ноябр 2025, Сешанбе
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, писари амакаш марди 28-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳангоми дар кӯчаи Улуғбеки шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо бародараш марди 30-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо...
25 ноябр 2025, Сешанбе
Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
21-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Шокиров Меҳрдод Шамсудинович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳринав бо шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” ба самти шаҳри Турсунзода дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри мазкур аз уҳдаи...
24 ноябр 2025, Душанбе
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани кредит дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2024 бо мақсади гирифтани маблағи пулӣ аз Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар...
24 ноябр 2025, Душанбе
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда моҳи марти соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Вахдат даромада, аз ӯ ду адад автомашинаҳои гуногунтамғаи «Тайота Кемри»-ро...
24 ноябр 2025, Душанбе
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда ҳангоми дар маҳаллаи 1-уми майи ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии ҷавони 20-солаи сокини пойтахт...
24 ноябр 2025, Душанбе














