Рӯйдодҳо
7-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 17:10, шаҳрвандон Файзуллоев Суҳроб, соли таваллудаш 1979 ва Мирхонзода Манучеҳр, соли таваллудаш 2007, дар ҳолати мастӣ дар назди нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр, воқеъ дар кӯчаи Абаяи ноҳияи Сино, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Фурӯшандаи нуқтаи мазкур...
09 ноябр 2026, Душанбе
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи шаҳрванд Қараев Обид, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри мазкур, ворид гардид, ки 5-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум ба таври пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, фарзанди ноболиғи ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ду адад телефони мобилии тамғаҳои «Tecno...
09 ноябр 2026, Душанбе
9-уми ноябри соли 2026 ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона роҳбарияти раёсат, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии...
09 ноябр 2026, Душанбе
7 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсӣ, собиқадорони соҳа ва ҷавонони фаъоли гуруҳи “Авангард” чорабинии идона доир гашт. Чорабинӣ бо гулгузори дар пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурии Раёсат ҷойгир аст оғоз ёфт. Бо гузоштани гулчанбар ва гулҳои тару тоза ба корнамоии...
07 ноябр 2026, Шанбе
Иштироки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ
Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ бо иштироки Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Интерпол ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа баргузор гардид. Ҳайати Вазорати...
05 ноябр 2026, Панҷшанбе
4-уми ноябри соли 2026 тахминан соати 08:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте» рақами қайди давлатиаш 3433 QZ/02 Мамадҷонов Ҳусниддин, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба...
05 ноябр 2026, Панҷшанбе
Авбошӣ
Шаҳрванд Давлатов Ҳамза соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷ. Румии шаҳри Бохтар ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки шахсони номаълум дар дохили толори саққобозӣ воқеъ дар кӯчаи Б. Ғафурови шаҳри Бохтар ӯро мавриди латукуб карор дода, тартиботи чамиятиро дағалона вайрон намудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои...
05 ноябр 2026, Панҷшанбе
Аризаи шаҳрванд Қурбонов Бахтовар истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ворид гардид, ки санаи 4-уми ноябри соли 2026, тахминан соати 01:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айни даромада, аз он ҷо 4000 сомониро дуздидаанд. Ҳангоми...
05 ноябр 2026, Панҷшанбе
Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор шаҳрванд Аюбов Раҷабалӣ соли таваллудаш 1964, сокини кӯчаи Навоии шаҳри мазкур барои ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо боздошт карда шуд. Номбурда аввали моҳи ноябри соли 2026 бар хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда ва бе иҷозати масъулини шуъбаи ҳифзи...
04 ноябр 2026, Чоршанбе
Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод аризаи шаҳрванд Раҳимов Беҳрӯз соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 31-уми октябри соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Айнӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод, 3 сар чорвои майдаи шохдорро дуздидаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои...
04 ноябр 2026, Чоршанбе














