Президент
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Ситораи тоҷ» ва ҶДММ «Лидер»-ро ифтитоҳ намуданд
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Корхонаҳои...
09 сентябр 2024, Душанбе
Табрикот ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар иртибот ба ҷашни Рӯзи истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пе
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди Истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед. Густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввали сиёсати хориҷии Давлати чаҳордаҳуми...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид. Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти мову шумо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад. Фарорасии ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро ба мардуми мамлакат, аз ҷумла ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Ашт самимона табрик гуфта, ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус, ноҳияи Ашт барои саҳми арзандаашон дар корҳои...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар зимни суханронӣ...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати “Саноати Ашт” корхонаҳои дӯзандагию ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд. Соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт” дар деҳаи Гулшан корхонаҳои дӯзандагию ҷӯроббофӣ ва коргоҳи...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Саноати Ашт» оғоз бахшиданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд. Корхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ Зайналобидин...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос,...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор» шинос шуданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” дар масоҳати 7,43 га бунёд гардида, дар он 3,43 га-ро дарахтони зардолуи навъҳои “мирсанҷалӣ”, “кадухурмоӣ” ва...
08 сентябр 2024, Якшанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд. Гуфта шуд, ки аз соли 2018 инҷониб дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо таваҷҷуҳ ба...
08 сентябр 2024, Якшанбе














