Президент
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ — иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд
10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба...
10 октябр 2024, Панҷшанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд
10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид. Сарвари давлат...
10 октябр 2024, Панҷшанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд
10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки...
10 октябр 2024, Панҷшанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон...
08 октябр 2024, Сешанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ намуданд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
07 октябр 2024, Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Пешвои миллатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон...
05 октябр 2024, Шанбе
Номаҳои табрикотӣ
Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Аз самими қалб Шуморо бо...
05 октябр 2024, Шанбе
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям. Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину...
05 октябр 2024, Шанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба...
04 октябр 2024, Ҷумъа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд...
04 октябр 2024, Ҷумъа














