Президент
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта...
25 июн 2025, Чоршанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал...
25 июн 2025, Чоршанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI»-ро мавриди истифода қарор доданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро мавриди истифода қарор доданд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025-2030, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба таври замонавӣ сохта шуда, ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо...
25 июн 2025, Чоршанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд мулоқот намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии...
25 июн 2025, Чоршанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи...
25 июн 2025, Чоршанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чинро аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон ба истифода доданд
25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба истифода...
25 июн 2025, Чоршанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии...
25 июн 2025, Чоршанбе
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон таҷлили ҷашни сарҷамъиву баҳамоии мардуми ватандӯсти тоҷик, яъне бисту ҳаштумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ идома дорад. Ба ин муносибат кулли сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар...
25 июн 2025, Чоршанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон,...
25 июн 2025, Чоршанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд. Иншооти варзишӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани...
25 июн 2025, Чоршанбе














