Президент
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара баъд аз ба истифода додани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд. Нахуст гулгашти Парчами давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сутунпояи...
31 март 2026, Сешанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи азнавбарқарорсозии кони №8-и Шуроб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...
31 март 2026, Сешанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо...
31 март 2026, Сешанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлатро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва сокинони...
31 март 2026, Сешанбе
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини муҳтарам! Ҳамаи шумо – мардуми заҳматқарини вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳоло таҷлили он дар кишвари соҳибистиқлоламон идома дорад, самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва барору комёбиҳо орзу менамоям. Таҷлили ҷашни...
30 март 2026, Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам...
30 март 2026, Душанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав...
30 март 2026, Душанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд. Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи...
30 март 2026, Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар...
30 март 2026, Душанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бунёд гардида, барои таълиму тарбияи ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба...
30 март 2026, Душанбе














