Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Alamshoo

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо - генерал-лейтенанти милитсия. 17-уми ноябри соли 1970 таваллуд шудааст. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993.
То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз 18 сентябри соли 2018 то 11 майи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Мавсуф айни замон дар мансаби муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, гузоштани саҳми арзанда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ: соли 2012 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2 ва соли 2015 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.
Мавсуф дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои оперативӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ташаккулёбии ҷаҳонбинии муосири мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳувияти миллии ҳайати шахсӣ, истифодаи тактикаю воситаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки самти оперативӣ-ҷустӯҷӯиро таъмин месозанд, саҳми арзанда дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика