Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо – муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

539

Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо – полковники милитсия, 13-уми январи соли 1977 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, соли 1999 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1999.
Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, сардори шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ, сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба самти оперативӣ.
Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо аз 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ - медали «Ҷасорат» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика