Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

bublСардори Сарраёсат: Умарзода Бахтиёр - генерал майори хизмати дохилӣ, 26 июли соли 1974 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумот: миёнаи техникӣ ва олӣ, соли 1994 Омӯзишгоҳи оташнишонии техникии шаҳри Тошканд ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Дар мақомот: аз моҳи сентябри соли 1991.
Умарзода Бахтиёр аз 15 июни соли 2020 сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф фаъолияти худро аз вазифаи муҳандиси шуъбаи муҳофизат аз сӯхтор ва умури наҷотдиҳии фалокати Раёсати муҳофизат аз сӯхтор ва умури наҷотдиҳӣ аз фалокати Комиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногуни Хадамоти давлатии оташнишонӣ кору фаъолият намудааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматномаҳо, аз он ҷумла, бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Милитсияи Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло» мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика