Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Barotali4

Сардори Раёсат: Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, санаи таваллудаш 16 ноябри соли 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.
Аз он ҷумла, нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шуъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шуъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталиони алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрастии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РВКД дар ш.Душанбе, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамидзода Бароталӣ Партов 24 феврали соли 2022 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан, зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо мукофотҳои давлатӣ «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Ҷасорат», инчунин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика