Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

266

Шоҳиён Аслиддин Назрӣ – муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рутбаи низомиаш – полковники милитсия. 26 августи соли 1982 таваллуд шудааст. Маълумоташ олии сохтмончӣ ва олии ҳуқуқӣ.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2005 дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори шуъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Шоҳиён Аслиддин Назрӣ аз 20 апрели соли 2012 то 15 сентябри соли 2021 ба ҳайси муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Сипас, ба вазифаи ёрдамчии сардори Сарраёсат оид ба варзиш ва омодагии касбии кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардида, то моҳи июли соли 2023 фаъолият намудааст.
Аз моҳи июли соли 2023 савияи дониш ва малакаю маҳорати касбии Шоҳиён Аслиддин Назриро ба назар гирифта, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ӯро аз сари нав ба вазифаи муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.
Мавсуф яке аз варзишгарони беҳтарин дар Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, дорандаи камарбанди сиёҳ дани 5, устоди варзиш аз намуди кикбоксинг ва таэквандо-WTF, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба таэквандо-WTF, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди кикбоксинг, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди таэквандо-WTF ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Шоҳиён Аслиддин Назрӣ дар давоми фаъолияти корӣ барои нишон додани малакаю маҳорати касбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона бо як қатор Ифтихорномаю Сипоснома ва нишону медалҳои сарисинагии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла «Аълочии милитсия», «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои II, III ва медалҳои «Садоқат», «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои саҳми арзанда дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ», сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика