Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

photo 2021-11-19_15-49-36

Сардори Бюро: Назриев Шаҳриёр Ҷурабекович - полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 7 сентябри соли 1974 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1996 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2002 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, соли 2003 Академияи гумруки Россия (ФТД) ва соли 2020 Академияи умумиҷаҳонии илмҳои амнияти дастаҷамъӣ (ВАН КБ ФР)-ро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 1995.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла дар Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои ваколатдори оперативии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори калони оперативии Раёсати ВКД, сардори шуъбаи Раёсати ВКД, муовини сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи
сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва аз моҳи июли соли 2021 ба ҳайси сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика