Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воҳиди Махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр

Saidzoda

Сардори Воҳиди махсус: Саидзода Маҳмадсаид Борон - генерал-майори милитсия. Соли таваллудаш 1 январи соли 1964, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми марти соли 1991.
Дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобилии гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори шуъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори Муассисаи нақлиётии РКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бақайдгирӣ - имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми марти соли 2017 то 10-уми сентябри соли 2020 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт.
Саидзода Маҳмадсаид Борон санаи 12-уми июли соли 2023 ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Саидзода Маҳмадсаид Борон бо мукофоти давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Шараф» дараҷаи II,
- бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик»,
- бо медали «Барои ҳамкории ҳарбӣ» аз ҷониби ВКД Федератсияи Россия,
- бо медали «Барои шуҷоат ва далерӣ» аз ҷониби Иттиҳоди Россиягии собиқадорони Афғонистон,
- бо медали «85-солагии Қӯшунҳои ҳавоии десантӣ» аз ҷониби Иттиҳоди десантчиёни Федератсияи Россия,
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо нишони сарисинагии «Барои хизмати аъло дар ВКД»,
- бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Мавсуф аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо зиёда аз 25 медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика