Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

541

Сардори Раёсат: Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад – полковники милитсия, 2 июли соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2010 факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 14 апрели соли 2000.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: аз он ҷумла, ба вазифаи сардори хадамоти амволи қисми низомии 3974-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ваколатдори калони оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Рашт, ваколатдори калони оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Ховалинг, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Рашт, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Рашт, муовини аввали сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад аз 2 феврали соли 2024 сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои дастовардҳои назарраси хизматӣ, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1092 аз 26 июли соли 2011 бо мукофоти давлатӣ – ордени «Спитамен» дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика