Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

manu4hr

Сардори Марказ: Алимардонӣ Манучеҳр Усмонзод – подполковники милитсия, 7 декабри соли 1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ-олӣ. Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 2010-2013 – таҳсил дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).
Солҳои 2011-2013 – гирандаи Стипендиаи президентӣ барои олимони ҷавон.

Солҳои 2011-2014 – ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон). Ҳамзамон раиси Шӯрои олимони ҷавонони Институт.
2014-2015 – дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи январи соли 2015 то декабри соли 2016 – дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи декабри соли 2016 то августи соли 2020 – сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи феврали соли 2021 то июли соли 2021 – корманди калони илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи июли соли 2021 то инҷониб – сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2013 зери роҳбарии илмии академик Р.М.Масов рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таърихи ташаккулёбии ҶШС Тоҷикистон» (аз рӯи ихтисоси 07.00.02 – таърихи ватанӣ) дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гаштааст.
Айни ҳол Алимардонӣ М.У. унвонҷӯи давраи доктории Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мавзӯи рисолаи докторӣ «Ташаккул ва инкишофи давлатдории навини тоҷикон (солҳои 1917-2021): тадқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ-конститутсионӣ» (Ихтисос: 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат; 12.00.02 – Ҳуқуқи конститусионӣ; мурофиаи судии конститусионӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ (низоми намояндагӣ)).
Мукофоту ҷоизаҳо:
Медали ҷашнии 90-солагии ДОСААФ-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2017, ш. Душанбе)
Аълочии хизмати сарҳадӣ (с. 2019, ш. Душанбе).




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика