Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

0013111

Сардори Раёсат: Абдуллозода Самариддин Абдураҳмон – генерал-майори милитсия, 23 марти соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон ва соли 2007 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 13 марти соли 1998.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла: ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД дар ноҳияи Шаҳринав, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА ШКД дар ноҳияи Шаҳринав, командири шуъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА ШКД дар ноҳияи Шаҳринав, командири взводи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии Ротаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии Баталёни Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии Ротаи Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, навбатдори калони оперативии Қисми навбатдории Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командири Баталёни Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командири Баталёни Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр.
Абдуллозода Самариддин Абдураҳмон 12-уми июли соли 2023 ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф тули фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофоти давлатӣ ва як қатор мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика