Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Азиззода Абдуғафор Қаюм – генерал-майори милитсия, 5 январи соли 1963 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 26 сентябри соли 1991.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои зерин кор кардааст:
Ваколатдори калони оперативии шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии РВКД шаҳри Душанбе, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ШМЗҶМ дар вилояти Суғди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД, намояндаи ваколатдори Бюрои Ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, директори Бюрои марказии миллии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Азиззода Абдуғафор Қаюм айни замон ба ҳайси сардори Раёсати ташхисӣ (эксперт)-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 1999 бо «Ифтихорнома» мукофотонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика