Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Umarjon1

Умарҷони Эмомалӣ – полковники милитсия, 24 июли соли 1978 таваллуд шуда, милаташ тоҷик мебошад. Соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, аз ҳамон сол то инҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда истодааст.

Умарҷони Эмомалӣ солҳои 1999 - 2001 ба ҳайси муфаттиши Шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД, солҳои 2001-2002 муфаттиши Шуъбаи тафтишотӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мазкур, аз соли 2002 то соли 2004 муфаттиши шуъбачаи тафтишотии РВКДН, аз соли 2004 то соли 2010 сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҳисор, солҳои 2010-2014 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии ВКД, солҳои 2014-2015 сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, соли 2015 муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 ба ҳайси сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Санаи 3-юми январи соли 2020 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Умарҷони Эмомалӣ айни замон адъюнктанти Шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ шавқу рағбат дошта, пайваста малакаю маҳорати худро дар ин самт такмил медиҳад ва ҷиҳати амиқтар омӯхтани паҳлӯҳои самти ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика