Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Solik

Сардори Раёсат: Солиев Карим Ҳоҷиевич – генерал-майори милитсия, 7 январи соли 1961 таваллуд шудааст. Маълумоташ - олӣ. Соли 1982 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Солҳои 1982-1984 - хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ.
Солҳои 1984-1987 - ассистенти кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.
Солҳои 1987-1991 – омӯзгори Шуъбаи таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶСШ.
Солҳои 1991-1994 - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, омӯзгори калони кафедраи мазкур.
Солҳои 1994-2001 – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000 – Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Солҳои 2001-2012 – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм.
Аз моҳи феврал то октябри соли 2012 – муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи октябри соли 2012 то охири соли 2017 - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм.
Аз охири соли 2017 то моҳи феврали соли 2022 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ.
Солиев Карим Ҳоҷиевич аз 24 феврали соли 2022 ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Соли 1998 – бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Соли 2004 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Фаъолияти ҳуқуқмаънидодкунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аспекти умуминазариявӣ» (аз рӯи ихтисои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат) ҳимоя намудааст.
Зери роҳбарии бевоситааш Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия гардидааст, ки он дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик нахустин падида мебошад;
Таҳияву коркарди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва ғ.
Алҳол, Солиев К.Ҳ. аъзои якчанд гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи комиссияҳои Ҳукуматӣ ва идоравӣ оид ба таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти онҳо пайваста иштирок мекунад. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Солиев К.Ҳ. 6 монография, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, ки ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузорӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, тааллуқ доранд.
Мукофоту ҷоизаҳо:
Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (с.2007, ш.Душанбе);
Медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2011, ш.Душанбе);
Медали «Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2013, ш.Душанбе).

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.





  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика