Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

383Сардори Раёсат: Гиёзода Собирҷон Мусофир – полковники милитсия, таваллудаш 4-уми июни соли 1978, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 20 феврали соли 2004.

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: муҳандиси шуъбачаи алоқаи радио, радио ва назорати радиотехникии Шуъбаи алоқаи ВКД; сардори шуъбачаи алоқаи радио, радио ва назорати радиотехникии Шуъбаи алоқаи ВКД; муовини сардори Шуъбаи алоқаи радио, радио ва назорати радиотехникии Раёсати алоқаи ВКД; муовини сардори Раёсат - ӯ низ сардори Шуъбаи алоқаи радио, радио ва назорати радиотехникии Раёсати алоқаи ВКД; сардори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар”-и РБДА ВКД; муовини сардори Қисм оид ба истифодабарии қисми техникии 4-уми ҲХДО Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД; муовини сардори Раёсат – ӯ низ сардори Шуъбаи алоқаи радио ва назорати радиотехникии Раёсати алоқаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гиёзода Собирҷон Мусофир аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика