Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

330

Сардори Раёсат: Шафизода Рустам Исмоил - генерал-майори милитсия, таваллудаш 23 сентябри соли 1970, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ, олии ҳуқуқӣ ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 январи соли 1993. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, аз он ҷумла: ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД дар ноҳияи Бохтар, ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлони РМЗҶМ ВКД, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлони РВКДН ВКД, сардори ШВКД дар ноҳияҳои Шаҳритуз, А.Ҷомӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори РВКД дар минтақаи Рашт, сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини якуми сардори РВКД дар вилояти Суғд.
Шафизода Рустам Исмоил аз 2 феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика