Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Buhorizoda1

Сардори Раёсат: Бухоризода Мансур Ғоиб - полковники милитсия, таваллудаш 23 августи соли 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва олии омӯзгорӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 17 декабри соли 1992. 

Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозир оиди кор бо ноболиғони нозироти кор бо ноболиғони ШКД шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД шаҳри Кӯлоб, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД шаҳри Кӯлоб, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД шаҳри Кӯлоб, муовини сардор оид ба корҳои оперативии ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар ВМКБ ва баъдан ба ҳайси муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД таъин гардида, адои вазифа намудааст.
Бухоризода Мансур Ғоиб санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД (собиқ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъин гардида, фаъолият намуда истодааст. 
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2005 бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика