Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shoruh01

Сардори Раёсат: Саидзода Шоҳрух - полковники милитсия, 30-юми августи соли 1986 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ. Ҳамзамон соли 2019 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 2012.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика