Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насимзода Акбар Ғиёс – муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Nasimzoda

Насимзода Акбар Ғиёс - генерал-майори милитсия, "Аълочии ВКД", «Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1-уми апрели соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 19-уми августи соли 1986.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Нозири хадамоти роҳбонии ШБДА РКД шаҳри Душанбе, нозири калони хадамоти роҳбонии ШБДА ШКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШКД ноҳияи Ҷайҳун, бозраси калони давлатии автомобилии ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори ШБДА ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ, сардори шуъбачаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ, муовини командири ротаи хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомоболии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Насимзода Акбар Ғиёс аз 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст, аз ҷумла бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Милитсияи Тоҷикистон» ва ғайра қадрдонӣ гардидааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика