Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Nusrat1Сардори Маркази матбуот: Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад – подполковники милитсия, 25 феврали соли 1976 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, соли 2015 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз соли 2008 то инҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад.

Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад солҳои 2008 - 2011 ба ҳайси сухангӯи бахши матбуотии РВКД дар шаҳри Душанбе, солҳои 2011-2012 муовини сардори Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Точикистон, солҳои 2012-2013 ваколатдори калони оперативии Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 то 3-юми январи соли 2020 дар вазифаи муовини сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст.
3-юми январи соли 2020 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад ба вазифаи сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Дар давоми фаъолият барои хизматҳои арзанда ӯ бо ифтихорномаву раҳматнома, нишонҳои сарисинагии “85 солагии милитсияи тоҷик”, “Барои хизматҳои аъло дар ВКД” ва бо медалҳои “Садоқат”, “Милитсияи тоҷик” ва “Хизмати шоиста” аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ карда шудааст.
Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика