Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

332

Сардори муассиса: Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким – генерал-майори милитсия, 5 январи соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 28 августи соли 1997. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст, аз он ҷумла: аз 1997 то 2001 сармуҳандиси КВТС Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 2001 то 2008 сардори шуъбаи сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 2008 то 2020 сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 15 июни соли 2020 то 27 январи соли 2024 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, 2 феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Спитамен»;
- бо Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи I;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи II;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи III;
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садоқат».
Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким барои дастовардҳои назарраси хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ватандӯстию фидокорӣ, хизмати содиқонаю софдилона ва меҳнати пурсамар дар рушду ободии мақомоти корҳои дохилӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи олии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика