Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

264

Сардори Раёсат: Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, генерал-майори милитсия, 5-уми июни соли 1969 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумот - олии ҳуқуқӣ. Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми августи соли 1991.
Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод фаъолияти худро аз нозири хадамоти роҳбонию дидбонии взводи алоҳидаи Шуъбаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои нозири калони хадамоти роҳбонию дидбонии взводи алоҳидаи Шуъбаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, бозраси давлатии автомобилии ШБДА Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм, командири взводи хадамоти роҳбонию дидбонии ШБДА Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм, бозраси калони хадамоти роҳбонию дидбонии взводи махсуси Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири взводи 4-уми Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калон оид ба хизмати Ротаи алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командир оиди кор бо кадрҳо ва ҳайати шахсии Баталёни алоҳидаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини командир оид ба хизмати Ротаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Ротаи хадамоти роҳбонию дидбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар вилояти Суғд, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсат - ӯ низ сардори Шуъбаи нақлиётии автомобилӣ ва хоҷагидории РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори РВКД дар ВМКБ, сардори РВКД дар ВМКБ, муовини сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр ва муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод санаи 12-уми июли соли 2023 ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа менамояд.
Мавсуф барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ мукофотонида шудааст. Аз он ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №631 аз 17-уми августи соли 2001 бо «Ифтихорнома» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1337 аз 15-уми августи соли 2019 бо ордени «Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардидааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика