Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сармаркази таҳлилӣ-иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4O6A9115

Сардори Сармарказ: Шарифзода Темур Икром - полковники милитсия, 14 январи соли 1972 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2000 Академияи гумруки Федератсияи Россия ва соли 2011 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 5 августи соли 1994.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: аз он ҷумла, солҳои 1995-1997 нозири шуъбаи мубориза алайҳи қоҷоқ ва вайрон намудани қоидаҳои гумрукии Раёсати Комитети гумрук дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вилояти Суғд, солҳои 1997-2002 сарнозири шуъбаи мубориза алайҳи қоҷоқ ва вайрон намудани қоидаҳои гумрукии Раёсати Комитети гумрук дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вилояти Суғд, солҳои 2002-2003 муовини сардори Раёсати ташкили мубориза алайҳи қочоқ ва вайрон намудани қоидаҳои гумруки Департаменти гумрук, соли 2003 ёрдамчии Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2004 ёвари Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 сармутахассис-ёвари Идораи маҷмӯи ташкилию бозрасии даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004-2005 муовини сардори Идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, солҳои 2005-2007 муовини аввали сардори Идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, солҳои 2007-2008 муовини аввали сардори Идораи гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, солҳои 2008-2009 сардори шуъбаи таҳлилии Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2010 сардори шуъбаи таҳлилӣ-банақшагирии ҳамкориҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010-2012 муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2018 муовини сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2018-2022 сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд фаъолият кардааст.
Шарифзода Темур Икром аз 17 августи соли 2022 ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика