Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG 3615

Сардори раёсат: Маҳмадзода Алимардон Аҳмад -

 

генерал-майори милитсия, 18-уми июли соли 1967 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии омӯзгорӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ, соли 1991 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва соли 2008 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» хатм намудааст.


Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 15 майи соли 1992.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, ёрдамчии навбатдори қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, нозири кор бо ноболиғони гурӯҳи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, нозири минтақавии милитсияи шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, ваколатдори калони оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Дарвоз, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат.
Маҳмадзода Алимардон Аҳмад санаи 12 июли соли 2021 ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ – медали «Ҷасорат» ва ордени «Спитамен дараҷаи 2» сарфароз гардонида шудааст.





Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика