Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

542

Сардори Раёсат: Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам – полковники милитсия, 11 ноябри соли 1983 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 2005 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 11 августи соли 2001.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: аз он ҷумла, ба вазифаи ваколатдори оперативӣ оиди кор бо ноболиғони гурӯҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ваколатдори оперативӣ оид ба кушодани ҷиноятҳои вазнин байни ҷавонони шуъбачаи ШКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, муовини сардор - ӯ низ сардори шуъбача оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардори Марказ, ӯ низ сардори шуъбаи пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Маркази муқобилиятсозӣ бар зидди экстремизми РМЗҶМ ВКД, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, муовини сардори Раёсат - ӯ низ сардори Маркази муқобилиятсозӣ бар зидди экстремизми РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам аз 2 феврали соли 2024 сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф зимни фаъолияти хизматӣ барои дастовардҳои назарраси хизматӣ, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1337 аз 15 августи соли 2019 бо мукофоти давлатӣ – Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика