Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

531

Сардори Хадамот: Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон - полковники милитсия. 5-уми январи соли 1983 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 2004 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2000.
Фаъолияти худро аз вазифаи нозири таркишгари Дастаи таъиноти махсуси РВКД дар вилояти Хатлон оғоз намудааст. Соли 2005 нозири минтақавии милитсияи шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Солҳои 2007-2008 ба ҳайси нозири шуъбачаи назорати муҳоҷирати хориҷии шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2009 то моҳи июни соли 2011 нозири шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, солҳои 2011-2016 нозири калони шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, солҳои 2016-2019 сарнозири шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, аз 20 апрели соли 2019 то соли 2023 ба ҳайси сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон санаи 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия ва корманди фахрии Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо нишони сарисинагии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор медалу Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика