Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипоси ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев

Ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев ташриф оварда, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию кӯмак ба оилаи бародараш, марҳум Алибой Идиев – корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, иброз намуд.

Рӯзибой Идиев дар сӯҳбат бо мо зикр кард, ки бародараш Алибой Идиев дар мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 13-сол фаъолият намуда, ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт. Ӯ ҳама вақт дар хизмати халқу Ватан буда, барои тинҷию амонӣ ва осоиштагии ин миллату ин диёр ҷони худро нисор кард. Чӣ тавре бузургон фармудаанд:

Дар ин дунё агар чизе набудӣ,

Ба он дунё кирои рафтанат нест.

Воқеан инсони асил бояд ҳамин хел бошад, дар идомаи сӯҳбат андешамандона иброз дошт Рӯзибой Идиев.

Ҳарчанд аз ҳалокати бародари шаҳидгаштаамон мо андӯҳгину ғамзада гаштем, вале кӯмаку дастгириҳо ва таваҷҷӯҳи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро моро рӯҳбаланд гардонид.

Аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат сарфароз гардонидани марҳум Алибой Идиев бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2, ба оилаи ӯ додани манзили истиқоматӣ, гузоштани мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ ба номи Алибой Идиев ва расонидани кӯмаки моддиву молӣ ба зану фарзандонаш ин нишонаи қадр намудани ҷоннисорию корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад.

Мактабро номгузорӣ кардан, ин ҳам дарси таълим, ҳам тарбия ва ҳам ҳидоят намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ буда, онҳоро ба далерию шуҷоат ва корнамоию ҷасорат раҳнамун месозад.    

Мо аҳли оила ва наздикону пайвандони Алибой Идиев барои зоҳир намудани чунин ғамхорию дастгириҳо ба Президенти кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоем.

Ногуфта намонад, ки писари ман Абдушафӣ, ки Донишгоҳи политехникиро хатм кардааст, мехоҳад пайроҳаи амакашро идома дода, дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор даромада ба мисли Алибой ба халқу Ватан содиқона хизмат кунад, чунин иброз намуд, дар хотимаи сӯҳбат Рӯзибой Идиев.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика