Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори сипос

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро, 

Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати ҳамкорӣ ва ғамхориатон баҳри ғанӣ гардонидани буҷети давлат миннатдории худро баён намуда, ба маълумотатон мерасонад, ки Нозирот тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъоляти субъектҳои хоҷагидор» мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши истеҳсол, ҳосил намудан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металл ва сангҳои қимматбаҳо, инчунин дигар амалиёт бо металл ва сангҳои қимматбаҳо ба ҳисоб рафта, кормандони Нозирот ҷиҳати ба амал баровардани вазифаҳои хизматии худ мутобиқи Низомномаи Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Вазири молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2007, №113 тасдиқ гардидааст, оид ба назорати маснуотҳои заргарӣ ва дигар маснуоте, ки аз металлҳои қимматбаҳо сохта шудаанд, ба вилояти Суғд сафарбар гардида буданд.

Санҷиш дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 06 августи соли соли 2015 оғоз гардида, бо мақсади шаффоф ва дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба амал баровардани фаъолияти санҷишӣ, Нозирот бо дархости худ аз 06 августи соли 2015 ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ба мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати ҷалби кормандони ин мақомот барои ҳамкорӣ ва мусоидат муроҷиат намуда, назорат ва санҷишро дар якҷоягӣ бо ин мақомот ба роҳ монданд.

Бояд қайд кард, ки ба санҷиш дар шаҳри Хуҷанд (дар Маркази савдои Абдулазиз) 116 нафар ва дар шаҳри Истаравшан (Бозори марказии «Роҳи Абрешим») 9 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба чунин фаъолият машғулбуда, фаро гирифта шуд. Дар рафти санҷиш ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба муомилоти металл ва сангҳои қимматбаҳо машғул мебошанд, муайян карда шуд, ки аз ҷониби онҳо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нигоҳдорӣ ва муомилоти чунин молу маҳсулот риоя намегарданд. Аз ҷумла, молу маснуоти заргарии аз металл ва сангҳои қимматбаҳо сохташударо бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ворид намуда, бе пардохти маблағи боҷи гумрукӣ ва тамғаи иёри давлатӣ ба муомилот (хариду фурӯш) баровардаанд.

Молу маснуоти заргарии аз металл ва сангҳои қимматбаҳо сохташуда, ки бидуни барасмиятдарории гумрукӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд ба муомилот бароварда шуда буданд, тибқи санад дар ҳаҷми 19275, 08 грамм маснуоти тиллоӣ ва 11115,99 грамм маснуоти нуқрагӣ дар маҷмӯъ 30391, 07 грамм мусодира шуданд ва ҷиҳати муайян намудани истеҳсоли ватанӣ ё хориҷӣ будани маснуотҳо ба шаҳри Душанбе ба суроғаи Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки дар рафти санҷиши аз ҷониби Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидашуда, мусоидат ва ҳамкории бевоситаи кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва РВКД дар вилояти Суғд саҳми назарраси худро гузоштанд.

Бори дигар ба Шумо ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ ва сипоси худро мерасонем. 

   Бо эҳтиром, 

   Сардор                                                                Саидов Д.М.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика