Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сипосмандӣ

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                            

аз номи сокини шаҳри Ваҳдат,

кӯчаи Улуғбек, хонаи 48,          

ҳуҷраи 3, Борониева Зиёда      

Номаи сипос 

Мӯҳтарам Вазир, қаблан ба Шумо миннатдории худро изҳор намуда қайд карданиам, ки ман як зани солхӯрда набераам Юсуфи Ҷамшедзодро, ки падараш соли 2007 вафот кард, дар зери тарбияи худам гирифтам. Имсол, набераи ман мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм намуда, хоҳиши ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуданро кард.

Ман ҳеҷ боварӣ надоштам, ки набераи ман ба ин донишкада дохил шуда метавонад. Гарчанде, ки саводи хуб дошта бошад ҳам, дар кӯча гапҳои гуногун зиёд буданд.

Лекин, хушбахтона, таҳти роҳбарии Шумо - муҳтарам Вазир, имсол тартиби қабул ва имтиҳонсупорӣ дар Академия боадолатона ва шаффоф гузашт. Ман дар он вақт миннатдории худро ба сардори Академия подполковники милитсия Шарифзода Ф.Р. расониданиам, ки пеш аз имтиҳонсупорӣ ва баъди он бевосита бо довталабон вохӯрда, онҳоро  бовар кунонид, ки касе дониш дошта бошад, албатта дохил мешавад.

Бори дигар ба Шумо мӯҳтарам Вазир миннатдории худро  баён намуда гуфтаниам, мо модарон ҳамеша дуогӯи Шумо ҳастем ва боварӣ дорем, ки баҳри иҷрои қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон содиқона хизмат мекунед ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳиссагузор мебошед. 

Бо эҳтиром,  

Борониева З.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика