Муҳтарам Рамазон Раҳимзода!
Маъмурияти Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-и шаҳри Душанбе дар шахсияти директори муассиса Мегниева Рукатмо Қаландаровна ва мураббияи ин муассиса Зиёдуллоева Майсара Саидовна ба Шумо изҳори миннатдории худро мерасонанд.
Зеро бо дастгирӣ ва ҳидояти ҳамешагии Шумо кормандони милитсия ҳамеша аз ҳолу аҳвол ва шароити муассисаи мо бохабар шуда, дар доираи имконият ба мо кӯмак мерасонанд.
Бо ташаббуси наҷиби кормандони Шӯъбачаи шаҳрии милитсияи маҳаллаи «Корвон»-и ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ дар арафаи Иди шарифи Рамазон як иқдоми хайр амалӣ гардида, онҳо ҷиҳати таъмири ошхонаи кӯдакон ва пешайвони муассиса рангу маҳсулотҳои лозимаро ба муассисаи мо дастрас намуданд, ки аз ин мо кормандони Хонаи кӯдакон хеле хурсанд шудем ва барои кӯдакон шароити истиқомат ва хурокхӯрӣ хело беҳтар гардонида шуд. Хурсандем, ки обрӯ ва нуфузи Вазорати корҳои дохилиро чунин кормандон, ба монанди сардори Шӯъбачаи мазкур - Маликов Шавкат таҳти роҳбарии Шумо боло мебардоранд. Кирдори кормандони номбаршуда шаҳодати он аст, ки кормандони милитсия ҳамеша ғамхори мардуманд.
Бо эҳтиром,
Директори Хонаи кӯдакони синни
томактабии рақами 1-и шаҳри Душанбе
Мегниева Р.Қ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>