Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Муҳтарам Вазир!
Мо як гурӯҳ собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза сипос ва миннатдории худ ва кулли собиқадорони мақомоти милитсияи вилояти Суғдро ба Шумо барои ташаббус ва иқдоми некатон дар ташкилу амалинамоии корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоиду муосири табобатӣ, ташкилу баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорон, мунтазам қадршиносӣ намуданатон бо кӯмакпуливу роҳхат ба беҳтарин осоишгоҳҳои кишвар баён менамоем.
Имрӯзҳо мо аз он шод ҳастем, ки дар доираи ҳар як сафари кориатон ба вилояти Суғд ҳатман бо собиқадорони мақомот вохӯриву сӯҳбатҳо доир намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи мо хабардор мегардед. Ростӣ, тӯли солҳое, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудем, ин гуна ободӣ ва ғамхориро нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан собиқадорон надида будем.
Бояд зикр намуд, ки обрӯ ва нуфӯзи Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Шумо тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ боз ҳам афзун гардидааст. Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Шумо дар амнияту суботи кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти ҷиноятӣ хеле назаррас аст. Имрӯз мардум дар симои корманди милитсия ҳомии тартиботу ҳуқуқ ва мушкилкушои проблемаҳои худро мебинанд.
Дар баробари ҳамаи ин, таваҷҷӯҳи Шумо, мӯҳтарам, Рамазон Раҳимзода ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар арсаи байналмилалӣ низ хеле чашмрас аст. Мусобиқаи варзишие, ки чанде қабл бо ташаббуси Шумо байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ» дар шаҳри Қайроққум баргузор гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин ташаббусгари мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланд мебошад.
Ногуфта намонад, ки дар баробари ҷавонон, мо собиқадорон низ тӯли 3 рӯз паҳлӯ ба паҳлӯи варзишгарон истода, дар ин мусобиқаи варзишӣ ширкат варзидем. Ҳамчунин, гурӯҳи меҳмононро дар сайёҳати мавзеъҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Б. Ғафуров ва Ҷ.Расулов ҳамроҳӣ намудем. Илова бар ин, мо-собиқадорон ва меҳмононро дар тарабхонаҳои беҳтарини мавзеъҳои номбаршуда бо оростани хони тоҷикона, ки муаррификунандаи фарҳанги таомҳои миллӣ мебошад, сари як пиёла чой даъват менамуданд.
Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимонаамонро баён намуда, ба корҳои Шумо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагии рӯзгори мардум, ғамхорӣ нисбати кормандону собиқадорони мақомот ва созандагиву ободкориҳо бурдбориҳои беназирро таманно дорем.
Раҳмат барои чунин ғамхориҳо!
Бо эҳтиром,
Як гурӯҳ собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>