Номбурда ҳамчунин аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳарф зада изҳор дошт, ки соле ду-се маротиба шахсан Вазири корҳои дохилӣ зимни сафарҳои кориаш ба вилояти Суғд аз аҳвол ва зиндагонии собиқадорони милитсия пурсон шуда бо онҳо вохӯриҳо доир менамояд. Илова бар ин зикр намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои роҳбарияти ВКД Дармонгоҳи тиббии РВКД дар вилояти Суғд бо тамоми шароитҳои муосири маишиву фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки имрӯзҳо собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз он ройгон истифода мебаранд.
Ин собиқадори милитсия афзуд, ки бар замми ин ҳама ғамхориҳо ҳамчунин шахсан Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода пайваста собиқадорони милитсияро бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳои овозадори кишвар монанди «Баҳористон»-у «Хоҷаобигарм» қадрдонӣ менамояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>