Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р. Ҳ.
Маъмурияти муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» ба Шумо - Вазири муҳтарам барои дастгирии доимӣ ва дар соли 2014 ёздаҳ маротиба кӯмакҳои хайрия аз қабили хӯрокаву маводҳои зарурӣ расонидан ва бохабар шудан аз ҳолу аҳволи пирону барҷомондагони муассиса изҳори минатдорӣ менамояд.
Барои ғамхориатон аз ҳолу аҳволи 230 нафар пирону маъюбони муассиса, ки доимо дасти ёрӣ дароз менамоед ва дар моҳи марти 2015 барои ҷашнгирии ҷашни «Наврӯзӣ» - хуҷастапайи ҷаҳонӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо маҳсулотҳои хӯрока ба монандӣ:
- гушт-20 кг
- биринҷ-50 кг
- равған- 20кг
- картошка-200 кг
- сабзӣ-200 кг
- пиёз - 200кг
- карам - 100кг
- турб- 100кг
- мандарин-4 қуттӣ
- макарон- 25кг
- нон- 230 дона
- конфет- 20кг
- карамел- 20кг
- чои қоқ - 5кг кӯмак расонидаанд изҳори сипос менамоем.
Тамоми бошандагони муассиса даст ба дуо бардошта нисбати Шумоён барин шахсони саховатманд - Вазири муҳтарам ва дар шахсияти Шумо ба аҳли оилаву тамоми кормандонатон, ки аз ҳолу аҳволи чунин шахсон хабар гирифта меистанд, аз даргоҳи иллоҳӣ дуои нек менамоянд.
Худованд хайру эҳсони кардаатонро ба даргоҳи бузурги худ қабул намояд. Хона ободу сарбаланд бошед.
«Навруз»-и аҷам муборак ва доимо мисли баҳор шукуфонӣ дар хонадонатон ҳукмфармо бошад!
Бо арзи сипос,
Директори Муассисаи давлатии
«Хона-интернати пиронсолон ва
маъюбони шаҳри Турсунзода» Ҳоҷиев М.С.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>