Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори сипос аз ноҳияи Рашт

Ба Вазири  корҳои дохилии           

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 

генерал-лейтенанти милитсия 

Раҳимзода Рамазон Ҳамро        

Мақомоти  иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт зиёда аз 600 адад воситаҳои нақлиётие, ки тӯли чанд соли охир маблағи андози онҳо пардохт нашуда буданд, ошкор ва андозбандӣ карда шуданд.

Дар натиҷа нақшаи солонаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ба ҷои 890 000 сомонӣ, ба буҷет ба маблағи 1 073 459 сомонӣ, ё ба андозаи 120,6% иҷро гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ба Шумо ва кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт миннатдории худро изҳор менамоем. 

Бо эҳтиром,         

Раиси ноҳияи Рашт                                                Лоиқов Қ.Х.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика