Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипоси омӯзгорони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб

Ба Вазири корҳои дохилии           

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

Мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро!

Маъмурияти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба Шумо арзи сипоси худро расонида маълум менамояд, ки дар мактаб-интернати зикргардида 250-нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, тамоми шароитҳои маданӣ ва маишию фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани маданияту маърифати баланд дар байни тарбиятгирандагон доимо чорабиниҳои тарбиявии умумимактабӣ, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида мешавад.

Қайд кардан зарур мешуморем, ки маҳз кӯмаку дастгириҳои шабонарӯзии кормандони Шумо, аз он ҷумла сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб подполковники милиса Назаров Ҷумахон мебошад, ки то имрӯз аз тарафи тарбиятгирандагон ягон ҷиноят содир карда нашудааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохӯш, яъне даст задан ба ҷиноят мунтазам аз тарафи сардори шӯъбачаи кор бо ноболиғони назди Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб капитани милиса Ҳамидов Дилшод сӯҳбатҳо гузаронида мешавад, ки хонандагонро дар рӯҳияи бузургдошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолону атрофиён, риояи қоидаҳои рафтор дар кӯча, мактаб ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ тарбия намуда, ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд.

Маъмурият ва коллективи омӯзгорони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб барои дастгириҳо дар раванди таълиму тарбияи хонандагон ба сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб подполковники милиса Назаров Ҷумахон миннатдории хешро расонида, дар навбати худ ба Шумо низ барои тарбия кардани чунин кадрҳои болаёқат изҳори сипос менамояд.

Бо эҳтиром,

Директори мактаб-интернати

ҷумҳуриявии кӯдакони ятим

дар шаҳри Кӯлоб                                                            Хоҷаева Ф.С.   




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика