Имрӯз аз ҷониби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода барои иштироки фаъолона ва дастгириву ғамхорӣ дар рушду нумуи соҳаи варзиш, бахусус футбол «Сипоснома» тақдим карда шуд.
Онро ноиби Президенти Федератсияи футбол Увайдо Давлатбеков супорида, иброз дошт, ки дар солҳои охир тимҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ ҳам дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ки аз ин дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад
Бояд ёдовар шуд, ҳафтаи гузашта дастаи футболи калонсолон, синнашон аз 40 болои Дастгоҳи марказии ВКД дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба футбол, сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар партави дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади рушди соҳаи футбол, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ имрӯз варзишгоҳи Спитамени Вазорат барои кӯдакон наврасон ройгон хизмат менамояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>