Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Маъмурияти Хонаи бачагони Танобчӣ, ноҳияи Темурмалик нисбати ғамхорие, ки Шумо ба тарбиятгароне, ки ба Колеҷи милитсияи ш.Кулоб қабул намудед, изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи маъмурият ва 127 тарбиятгирандагони хонаи бачагон ба Шумо ва аҳли кормандонатон миннатдории худро мерасонад.
Ҳар, ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Бо эҳтиром Директори
Хонаи бачагони Танобчӣ,
ноҳияи Темурмалик,
вилояти Хатлон Ф. Саидов.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>