Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Р А Ҳ М А Т Н О М А
Маъмурияти муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» ба Шумо барои дастгирӣ ба пирону маъюбон ва барҷомондагон, ки аз аввали сол чандин маротиба боз дасти ёрӣ мерасонед, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Тамоми бошандагони муассиса, ки 230 нафар пирону маъюбон мебошанд, нисбати Шумо барин шахсони саховатманд ва зердастони Шумо, ки доимо аз ҳолу аҳволашон хабар гирифта меистед, аз даргоҳи Илоҳӣ дуои нек менамоянд.
Худованд хайру эҳсони кардаатонро ба даргоҳи бузурги худ қабул намояд.
Бо арзи сипос,
Директори муассисаи давлатии
«Хона-интернати пиронсолон
ва маъюбони шаҳри Турсунзода» Хоҷаев М.С.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>