Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимзода Р.Ҳ.
Мўҳтарам Рамазон Ҳамро!
Мо як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони Кӯлобшаҳр ба Шумо ва кормандони Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб, Қисми мустақили 33 ҲХДО дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарият ва ҳайати шахсии Қисми минтақавии РВКД оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 5403-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ барои шаби 22 июли соли 2014, ҳангоми дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб сӯхтор рух додан, барои сари вақт ва бо маҳорати баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматиашон, нишон додани далерию ҷасорат, ки оташро сари вақт хомӯш намуда, нагузоштанд, ки дигар нуқтаҳои савдо хисорот бинанд ва инчунин барои кӯмак ба зарардидагон ва бартараф намудани оқибатҳои сӯхтори ба амал омада миннатдории худро баён мекунем.
Бо эҳтироми самимӣ, як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони Кӯлобшаҳр:
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>