Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори миннатдории соҳибкорони бозори марказии Кӯлоб

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон               

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

 Мўҳтарам Рамазон Ҳамро!

Чуноне, ки иттилоъ доред, шаби 22 июли соли 2014, тахминан соатҳои 00.40 дақиқа дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб сӯхтор рух дод. Оташ дар як лаҳза чанд дукону нуқтаҳои савдоро ба коми худ фурӯ бурда, хавфи бевоситаи паҳн гардидани оташ ба дигар нуқтаҳои савдоро дошт.

Лаҳзае нагузашта, кормандони Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб, Қисми мустақили 33 ҲХДО дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарият ва ҳайати шахсии Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 5403-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ ба маҳалли ҳодиса расида, ташаббусро ба даст гирифтанд. Онҳо бо малакаю маҳорати баланди касбии худ нагузоштанд, ки ба дигар дӯкону нуқтаҳои савдо оташ доман паҳн карда, ба тоҷирону соҳибкорон хисороти зиёдтар расонад.

Мӯҳтарам Вазир, аз ин лиҳоз, мо як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру минтақаи Кӯлоб барои нишон додани ҷасорат, малакаю маҳорати касбӣ ва арзанда будан ба вазифаҳои хизматии ишғолкардаашон изҳори миннатдорӣ намуда, бароятон дар оянда дар иҷрои вазифаҳои басо душвору пурифтихоратон муваффақиятҳои навро таманно дорем.

Бо эҳтиром, як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони бозори марказии шаҳри Кӯлоб:




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика