Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории «Тоҷиксодиротбонк»

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

                                                                                         Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро!

Роҳбарияти филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Қумсангир ба маълумоти Шумо мерасонад, ки рӯзи 7 июли соли 2014, соати 10:15-дақиқа дар қисмати берунаи ошёнаи дуюми бинои филиал, аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сӯхтор ба амал омада, аланга гирифт.

Барои хомӯш намудани сӯхтор фавран кормандони ШВКД дар ноҳия ва ҳайати шахсии Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия даъват карда шуданд.

Бо шарофати маҳорати баланди касбӣ ва малакаю таҷрибаи бой, таҳти сарварии сардори ШВКД дар ноҳияи Қумсангир, полковники милитсия Зикриёев Ҷӯрахон Гадоевич, ҳайати шахсии ШВКД ва ДАҲХДО сӯхтор дар муддати кӯтоҳ бе зарари калони моддӣ хомӯш карда шуд.

Аз ҳамин лиҳоз, ба Шумо мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои тарбияи кормандони мақомот дар рӯҳияи боадолатӣ, содиқ будан ба савганди худ ва иҷрои вазифаҳои хеш, ки таҳти роҳбарии Шумо кору фаъолият мекунанд, миннатдории бепоёни худро изҳор менамоем.

 

Бо эҳтиром,

Директори филиали

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

дар ноҳияи Қумсангир                                                                                                                     А.Паҳлавонов




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика