Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мактуби сипосгузорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

 Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро!

Иҷозат фармоед сараввал Шуморо ҳамчун дорои арзандаи донишу хиради олии инсонӣ ва дарки ҳикмати бузургу марди фозилу хоксор, ки қобилияти баланди ташкилотчигиятон аз назарҳо пинҳон намонд, сипосгузорӣ намуда, дар симои Шумо пас аз арзи сипос, мӯҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Раҳимов М.Қ. изҳори миннатдорӣ баён намоем. Дар ҷодаи омодагӣ ва тарбияи кадрҳои малакаву дониши кофии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ дошта, ки сазовори ибрату эҳтиром мебошанд, ин гуна мутахассисони чун соҳаи Гурӯҳи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании РҲТҶ ВКД ҶТ ояндаи Тоҷикистонро дурахшон мекунанд.

Ҷолиби қайд аст, ки яке аз номбардорони милитсияи тоҷик – ин майори милитсия Кузибоев Абдуваҳоб Конбобоевич, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси ГҲФ ва МГ РҲТҶ ВКД ҶТ мебошад, ки дар давоми семинар-машварати аз 7 то 10 июли соли 2014 иштирок кард ва дар байни иштирокчиёни зиёда аз 20 ташкилотҳои давлатӣ дар машқҳои ёрии аввалии ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқуллода соҳиби ҷойи аввал шуд. Мо аз он фахр мекунем, ки дар ВКД ҶТ чунин афсарони донишу маҳорати хуби касбӣ дошта фаъолият мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дониш ҳудуду канор ва сарҳад надорад. Аз тарафи Шумо ин макотибҳои замони муосир оиди тарбияи кадрҳо бунёд карда шуда, басо фараҳбахш аст.

Ҳамзамон аз фурсат истифода бурда ба Шумо ва кулли зердастонатон сиҳату саломатӣ, пешсафии ҷомеа, сари баланд ва бурдбориҳои беканорро таманно дорам. 

Бо эҳтиром, 

Директори ҶДММ «Амшуд»                                                                                              Бобозода Авасто 


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика