Хидмат дар роҳи пешрафту шукуфоии Ватан комёбиест, ки мебояд ҳамвора дар ин роҳ ҳиммат гузошт, то самараи дилхоҳ ба даст оварад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро дар самти дастгирию расонидани кӯмак ба қисми ҳарбии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва ташаббусу иқдоми нек дар ташкилу амалинамоии корҳои ободониву созандагии қисми ҳарбии мазкур шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ ҳисобида, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдории самимии худро ба Раиси шаҳри Турсунзода Саломзода С. изҳор менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои нек ба манфиати халқу Ватан ҳамкориҳоро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вусъат мебахшад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>