Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории мусофирони шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз кормандони милитсия

Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимзода Рамазон

Муҳтарам Раҳимзода Рамазон, қаблан миннатдории самимии худро ба Шумо, ки сарварии ин ниҳоди қудратманд, ядрои тавонои давлат ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандонро ба зимма доред, изҳор менамоем.
Ҳодисаи дар таърихи 13 апрели соли 2017 дар мавзеи «Оташак»-и ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ рух дода, моро водор намуд, ки ба Шумо арзи миннатдорӣ намоем. Дар ин мавзеъ кӯҳпорае афтида, роҳи мошинагардро ба самти ВМКБ маҳкам намуд. Аз ду тараф зиёда аз 30 мошин дар роҳ дармонда, интизори кушодашавии роҳ буданд. Дар ин вақт, ки тамоми мусофирон дар роҳ, берун аз мошинҳо қарор доштанд, кӯҳпораи нав канда шуда, эҳтимолияти хатари калонеро ба миён овард.
Дар ҷои ҳодиса сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ва сардори ШВКД дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон қарор доштанд. Онҳо ба хатари сангрезӣ нигоҳ накарда, дар шароити кӯтоҳу вазнин бехатарии мардумро таъмин карданд. Одамонро шахсан аз ҷои ҳодиса берун карда зарардидагонро ба беморхона сафарбар намуданд.
Мо худ шоҳид будем, ки Зикриёзода Ҷурахон дар ҷои ҳодиса аз пояш ҷароҳат бардошт, вале ба ин нигоҳ накарда, аз кӯмаки зарардидагон даст накашид ва охирон аз ҷои ҳодиса берун шуд. Матонату мардонагии кормандони содиқи ВКД боварии моро ба кормандони ин сохтор боз ҳам дучанд намуда, меҳру муҳаббати моро ба ин ниҳод бештар кард.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки миннатдории самимии моро расонед.

Бо эҳтиром:
Аҳмадов Исмоил
Мазамов Авкарим
Маҳмадсодиқов Манучеҳр
Асоев Нур
Фаридуншоев Меҳроншо
Лаблабунов Али
Иброҳимов Манучеҳр




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика