Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсияро бо аҳолӣ хеле муҳим шумориданд.
Дар ҳамин асос бо мақсади дар ҳаёт амалӣ намудани талаботи мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари ба дигар самтҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа аҳамият додан, ба фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» дар Қисми навбатдории Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳия ва минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ амал менамоянд, ки дар қабули хабару иттилоотҳо дар бораи ҷиноятҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Инчунин, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо телефони қабули хабарҳои таъҷилии «02» (милитсия) амал карда истодаанд.
Албатта дар баробари пайдо шудани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» солҳои гузашта каме душвориҳо ҷой доштанд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилии хизматрасонии алоқа бартараф карда шуданд. Душвориҳо аз он иборат буд, ки шаҳрвандон наметавонистанд, ки аз телефони ҳамроҳи худ якбора рақами «02» гирифта бо «Милитсия» пайваст шаванд. Ҳоло барои алоқа намудан бо телефони «02» аз телефонҳои ширкатҳои «Магафон», «Тсел» рақамҳои 102, аз телефонҳои ширкатҳои «Билайн», «Вавилон мобайл», «Тека мобайл» ва «М-теко» рақамҳои 02 гирифта, ба телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» занг зада мешавад. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, шаҳрвандон ба телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» занг зада, аз содиршавии ҷиноятҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо таъҷилан хабар мерасонанд. Қариб аксарияти муроҷиати шаҳрвандон аз рӯи дарки масъулияти қарзи шаҳрвандӣ ба амал бароварда мешаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>